Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 699 медали тилло, 675 медали нуқра ва 872 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 2246 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 262 медал зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 54 маҷмааю варзишгоҳ ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар саросари мамлакат садҳо иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла маҷмааҳои муосир, варзишгоҳҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки сокинон, махсусан наврасону ҷавонон ба машқу тамрини мунтазам ҷалб гарданд.
Раванди бунёдкорӣ боис гардидааст, ки варзиш на танҳо ҳамчун воситаи солимгардонӣ, балки чун мактаби тарбия, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷомеа мақоми хос пайдо намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






