СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Соли 2026-Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 — ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Ин сол масъулияти на фақат аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, балки ҳар сокини мамлакатро дар татбиқи ҳадафҳои созанда дучанд мегардонад.
Таъкид шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободкорию созандагӣ буда, маҳз бо меҳнати шабонарӯзӣ ва ташаббусҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ободу зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.
«Ободонию созандагӣ мафҳумҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, рамзи пешрафт ва зиндагии шоистаи мардумро ифода менамоянд. Дар ин радиф корҳои ободу зебогардонӣ, сохтмони роҳҳо, боғҳои фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра ба беҳбуди шароити зиндагии мардум ва афзун гардонидани зебоии Ватан равона мегарданд», -изҳор намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.
Бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди ташкилоти ҳизбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад






