АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад

Февраль 5, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён дар ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тавре 5 феврал Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 иброз намуд, дар ҷараёни санҷишҳои фарохмиқёс дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми беш аз 321 миллион кВт-соат ба маблағи 106 миллион сомонӣ ошкор карда шуд.

Аз ҷумла, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»дар шаҳри Душанбе 20 миллион кВт-соат ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 123 миллион кВт-соат ба маблағи 56 миллион сомонӣ, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар 113 миллион кВт-соат ба маблағи 35 миллион сомонӣ, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб 28 миллон кВт-соат ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон 21,5 миллион кВт-соат ба маблағи 4 миллион сомонӣ, дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан 16 миллион кВт- соат ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён ошкор карда шуд.

Ҳамзамон ҳолатҳои суиистифода ва ҳисобкунии беасоси энергияи барқ дар пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 миллион кВт-соат ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ ошкор карда шуд.

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён 14 миллион кВт-соат (1,7 миллион сомонӣ), Дӯстӣ- 11 миллион кВт-соат (1,4 миллион сомонӣ), Восеъ- 9,5 миллион кВт-соат (2,5 миллион сомонӣ), Хуросон- 5,1 миллион кВт-соат (1,1 миллион сомонӣ), Вахш- 4,4 миллион кВт-соат (544 ҳазор сомонӣ), Зафаробод- 4,4 миллион кВт-соат (542 ҳазор сомонӣ), Фархор- 3,3 миллион кВт-соат (592 ҳазор сомонӣ), Исфара- 2,6 миллион кВт-соат (319 ҳазор сомонӣ), Бобоҷон Ғафуров- 1,8 миллион кВт-соат (566 ҳазор сомонӣ) ва Ашт- 571 ҳазор кВт-соат (70 ҳазор сомонӣ) изофанависӣ ҷой дорад.

Гуфта шуд, ки вобаста ба ин ҳолатҳо мавод тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол гардид. Ҳамчунин дар доираи тадбирандешиҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи Агентӣ соли 2025 нисбат ба 406 нафар кормандони шабакаҳои барқ, аз ҷумла 375 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», 12 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», 9 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва 10 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Дар баробари ин, тибқи хулосаҳои Агентӣ нисбат ба гунаҳкорон зиёда аз 130 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии омилҳои изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён тадбирҳои муассир меандешад.

Сорбон Холмуҳаммадзода афзуд, ки Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди навтаъсиси Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳояш корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Аз ҷумла, соли 2025 Агентӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида 2 ҳазору 230 муоинаи техникии дастгоҳҳои барқиро оид ба истифодаи самараноку сарфакоронаи энергияи барқи мақомот ва муассисаҳои давлатӣ гузаронид, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2024 319 муоина ё 17 фоиз зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика буда, назорати истифодаи самараноки неруи барқ ва гармӣ, бехатарии таҷҳизоти энергетикӣ ва риояи қоидаҳои техникиро дар мамлакат амалӣ мекунад.

Вазифаҳои асосии Агентӣ аз се қисмат- Назорат: тафтиши истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ, Танзим: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншооти энергетикӣ ва Иҷозатдиҳӣ: пешниҳоди иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаҳои марбут ба энергетика иборат буда, ба таъмини устувори низоми энергетикии мамлакат мусоидат мекунад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид