Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи амният ва суботи ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин матлабро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки робитаи зичи низоми таҳсилоти касбӣ бо сохторҳои ҳарбӣ, аз ҷумла дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти стратегӣ дошта, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо омода намудани мутахассисони соҳавӣ, рушди ихтисосҳои техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ватандӯстии хонандагону донишҷӯён дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ҳамоиш муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Абдуллозода аз таваҷҷуҳи роҳбарияти кумита ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон ва ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҳамкории сохторҳои мудофиавӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ омили муҳими таъмини амнияти миллӣ мебошад.
Иштирокдорон изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории минбаъдаи сохторҳои мудофиавӣ ва соҳаи таҳсилоти касбӣ дар самти тарбияи насли соҳибкасб, худогоҳ ва ватандӯст тақвият ёфта, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Артиши миллӣ ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






