Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Февраль 14, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар доираи ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ва Директори Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт» Урмат Такиров ба имзо расонида шуд.

Имзои Ёддошти тафоҳум дар партави сиёсати хирадмандонаи ду роҳбари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров амалӣ  гирифт. Ин иқдом равандҳои ҳамкории тиҷоратӣ ва содиротиро байни ду кишвар тақвият дода, заминаи нави ҳамкории иқтисодиро фароҳам меорад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд