Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст

Февраль 3, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин маблағ нисбат ба соли 2024 13,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 122,1 фоиз таъмин гардидааст.

Ба иттилои масъулин, соли 2025 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ  36,2 фоиз, саноати коркард – 10,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво зиёда аз 13 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 22,8 фоиз ба амал омадааст.

Дар мамлакат соли 2025  3972 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 362 адад, коркард — 3437 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 январи соли 2026 зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «соли 2025  дар ҷумҳурӣ 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид».

Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои навро барои татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидори бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо назардошти талаботи бозор ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти соҳа вазифадор намуданд.

Таъкид гардид, ки саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба тадриҷ зиёд мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: «Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст.  Соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст».

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид