Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир тақвият медиҳад. Дар ин замина дар Деҳлӣ мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири давлатии Ҳиндустон оид ба электроника ва технологияҳои иттилоотӣ Ҷитин Прасада доир гардид, ки дар он масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, таъсиси марказҳои датаҳо ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ карда шуд.
Шералӣ Кабир инчунин бо Вазири савдо ва саноати Ҳиндустон Пиюш Гоял мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди ашёи хом, саноати сабук ва хӯрокворӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин тавсеаи робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, қарор доданд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникиро баргузор намоянд.
Инчунин доир ба истифодаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон ва таҷрибаи пешрафтаи Ҳиндустон дар соҳаи саноатикунонӣ ва инноватсия табодули назар карда шуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид






