Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид

Февраль 13, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (14 феврал) таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамоиши илмӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.

Ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, ҷалби ҷавонон ба мутолиа ва ҳавасмандсозии ҷомеа барои эҳдои китоб ба донишҷӯён гузаронида шуда, гӯшаи «Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ ёфт. Дар он ташаббусҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди китобдорӣ, боло бурдани мақоми китоб ва тақвияти маънавиёти ҷомеа таъкид гардид.

Иброз гардид, ки китоб сарчашмаи асосии дониш буда, инсон бе мутолиаи пайваста ба ҳеҷ марому мақоми шоиста расида наметавонад. Солҳои охир иқдоми созандаи Роҳбари давлат, аз ҷумла туҳфа гардидани асарҳои арзишманди «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи ҷумҳурӣ гувоҳи таваҷҷуҳи хосса ба китоб ва фарҳанги мутолиа мебошад.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Китоб-манбаи кушоиши ҳама мушкилот», «Китоб — беҳтарин дӯсти беминнат» ва  «Китобро ҳофизаи башарият хондаанд» маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳадяи китоб на танҳо туҳфаи маънавӣ, балки воситаи муҳиме барои рушди тафаккур, густариши ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани савияи фарҳанг аст. Ин рӯз ҳама дӯстдорони китобро муттаҳид менамояд, муҳаббат ба мутолиаро ташаккул медиҳад, китобхонаҳоро ғанӣ месозад ва нишон медиҳад, ки китоб ҳатто дар асри рақамӣ низ ҳамчун беҳтарин туҳфа арзиши худро ҳифз кардааст.

Анъанаи эҳдои китоб ва ғанигардонии китобхонаҳо дар фарҳанги тоҷикон решаи амиқ дорад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ- аз Мовароуннаҳру Хуросон то марказҳои бузурги илмӣ, китобхонаҳо на танҳо ба донишмандону мансабдорони замон, балки ба аҳли камбизоат ва тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас буданд. Ин анъана имрӯз низ идома ёфта, қисме аз худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба маърифат ба шумор меравад. Китоб боиси пайваст кардани наслҳо, нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва муҳофизати арзишҳои милливу умумибашарӣ мегардад.

Иштирокдорон зарурати рушди китобхонӣ байни ҷавонон, истифодаи васеи китобхонаҳои электронӣ, тарбияи фарҳанги мутолиа дар оила ва таъсиси китобхона дар донишгоҳро таъкид намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъоле, ки пайваста дар олимпиадаҳо, озмунҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок менамоянд, китоб туҳфа карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд