Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид

Февраль 23, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳозирин расонид.

«Ҳамаи шуморо ба ифтихори 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Бо сарфарозию қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии мамлакат, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат менамоянд», – иқтибос оварда шуд аз  паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баён гардид, ки давоми 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараф ва пурмасъулиятро тай намуда, аз як сохтори навбунёд ба неруи боэътимоди давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Артиши миллӣ сипари устувори истиқлолият, кафили амнияти мамлакат ва ифодаи иродаи қавии миллати тоҷик мебошад. Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, сиёсати дурандешона ва фидокории сарбозону афсарони далер метавон бо итминон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ рисолати муқаддаси худ – ҳифзи Ватан, миллат ва сулҳу суботи ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки таърих ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бе нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ то имрӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Сиёсати дурандешона, таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити зисту хизмат ва баланд бардоштани мақоми афсар дар ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки яке аз нақшҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон саҳмгузории онҳо дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар давраи душвор ва ҳассос Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди низомӣ, балки кафили амнияти равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Таъмини амнияти музокироти сулҳ, ҳифзи суботи ҷомеа ва пешгирии бесарусомониҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ дар он давра ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо дар шароити мавҷудияти давлати қавӣ ва артиши боэътимод имконпазир аст.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммал буда, машқҳои мунтазами ҳарбӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ сатҳи омодабошии ҷангии артишро ба маротиб боло бурдаанд.

Тазаккур дода шуд, ки қудрати воқеии ҳар артиш ба руҳия ва ҷаҳонбинии хизматчиёни он вобаста аст. Дар Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дода мешавад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби ҷасорат, интизом, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Имрӯз Артиши миллӣ дар зеҳни ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи амният, субот ва эътимод ҷойгоҳи устувор дорад. Эҳтироми мардум нисбат ба афсарон ва сарбозон нишонаи он аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати худро бошарафона иҷро менамояд. Таҷлили ин сана ҳар шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки арзиши сулҳ, истиқлолият ва амнияти давлатиро амиқтар дарк намояд.

Дар ҷараёни ҳамоиши тантанавӣ барои болидаруҳии сарбозону аскарон бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид