Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст

Февраль 17, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмуъ дар 64 ҳазору 515 гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 40 ҳазору 935 гектар ба минтақаи Вахш ва 23 ҳазору 580 гектар ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза ба зидди малах» дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Соли 2026 мутахассисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тамоми майдони ошкоршуда коркарди кимиёвӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо низ ситодҳои доимӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин барои иҷрои чорабиниҳо бар зидди малах 23 трактори дорупошак, 11 мошини дорупошак, 2 мошини обкаш ва дигар техникаи истифодашаванда, инчунин ба ҳисоби миёна 731 нафар чун қувваи корӣ равона карда шудааст.  Омодагиҳо ба мавсими мубориза бар зидди малах ҷиддӣ буда, барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ба иттилои мутахассисон, дар ҷаҳон беш аз 20 000 намуди малах сабт гардида, дар Тоҷикистон тақрибан 130 намуди он вомехӯрад.  Асосан бо тағйирёбии иқлим ва гарму хушк омадани фаслҳои сол ин навъи ҳашарот бештар мешавад.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Фирдавс Қодирзода иброз намуд, ки аз рӯи хусусияти афзоишу инкишоф малахҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: малахҳои галагӣ ва ғайригалагӣ. Ба гурӯҳи малахҳои галагӣ он намудҳое дохил мешаванд, ки дар макони зисташон бо шумораи зиёд ба қайд гирифта мешаванд.

Малах панҷ давраи кирминагӣ дорад. Аз як синн ба синни дигар гузаштан вобаста ба обу ҳаво аз 9 то 14 рӯз давом меёбад. Давраи пурра болдоршавӣ охирҳои моҳи май мушоҳида мегардад. Баъд аз пурра болбарорӣ давраи ҷуфтшавиро гузаронида, ба тухмгузорӣ шуруъ менамояд. Тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 сантиметр мегузорад.  Агар дар давраи якум ва дуюми он макони ҷойгиршавии онҳо мушаххас карда шуда, корҳои кимиёвӣ гузаронида шаванд, нест намудани онҳо имкон дорад. Зеро дар ин давра онҳо бо ҳам зич ва имкони васеъ паҳн шудан надоранд. Вале агар давраи 3 ё 4-уми он оғоз гардад, дар ин ҳолат нест намудани онҳо хеле мушкил аст. Чунки дар ин давра онҳо хуб инкишоф ёфта, иммунитеташон мустаҳкам мегардад ва 1 малах дар як гектар баробари 3 вазни худ зироат истеъмол менамояд. Модинаи ин ҳашарот аз 5 то 7 см ва наринаи он то 4,5-5 сантиметр дароз мешавад. Малахи модина дар мавсими тухмгузорӣ аз 1 то 3 ғӯза тухм мемонад, ки дар дохили як ғӯзаи он аз 18 то 42 тухми малах мавҷуд аст.

Ба иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳое, ки барои гузаронидани коркарди кимиёвӣ дастнорас мебошанд, тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо мефарояд.

Ба ин гурӯҳи малахҳо даҳ намуд мансуб мебошад, ки дар Тоҷикистон 3 намуди онҳо сабт шудааст — пруси итолиёвӣ (Calliptamus italicus), малахи марокашӣ (Dociosturus maroccanus) ва малахи осиёӣ ё кӯчанда (Locusta migratoria). Намудҳои боқимонда ба гурӯҳи малахҳои ғайригалагӣ мансуб мебошанд.

Ҳангоми истифодаи микромаводи биологӣ бар зидди малах танҳо худи он нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот- хазандагон, парандагон ва дигар мавҷудоти зинда осеб намебинанд. Ҳангоми истифодаи чунин усул муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад. Ба тавсияи мутахассисон, малахи марокашӣ на сарҳад дораду на макон, аммо ин ҳашароти зараррасон бо мурури солҳо ба иқлими ҳар минтақа мутобиқ мешавад. Агар солҳои пеш давраи инкишофу паҳншавии малахи марокашӣ 60-65 рӯз давом мекард, солҳои охир давраи хуруҷи ин ҳашароти зараррасон дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон то 100-110 рӯз идома меёбад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ хуруҷи малахро яке аз офатҳои табиӣ унвон менамоянд.  Зеро галаи малах дар як шабонарӯз зиёда аз 30 километр роҳро тай карда, тамоми рустании дар сари роҳаш бударо нобуд мекунад. Дар давраи афзоиш дар як метри мураббаъ адади малах то ба 1000 мерасад, ки онҳо 1 миллион гектарро пахш менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд