Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лондон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер баргузор гардид.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи робитаи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, амният, фарҳанг ва муҳоҷират, инчунин ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Изҳор гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва соҳаи илму маориф зарфиятҳои истифоданашуда вуҷуд доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки содда гардонидани раванди гирифтани раводид ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ, афзоиши сайёҳон мусоидат намуда, баҳри таъсиси хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Лондон заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ маросими имзои Ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои маориф ва маъдан баргузор шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






