Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Машҳад чорабинии муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ширкати сайёҳии «Ҳумо сафар» бахшида ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, дар он масъулини устони Хуросони Разавӣ, раисони идораҳои мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хуросони Шимолӣ, раиси Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Эрон ва мудирони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Тоҷикистон вобаста ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумот дода, ба зарурати густариши бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисони ду мамлакат, инчунин ташкили хатсайрҳои сайёҳии муштарак таъкид карданд.
Дар доираи чорабинӣ наворҳои инъикоскунандаи зебоиҳову ҷозибаҳои сайёҳӣ ва таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Сипас маводҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба иштироккунандагони чорабинӣ тақдим гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон











БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд






