Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ» (бо назардошти тарҳи муқаддимавӣ, Basic Design) дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея Ок Донг Ю, ки ҳамзамон менеҷери ин тарҳ аст, дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» яке аз лоиҳаҳои муҳим буда, метавонад ба рушди низом ва иқтидори логистикии Тоҷикистон мусоидат намояд. Намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея Ок Донг Ю оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа ва корҳое, ки дар доираи он ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дод. Гуфта шуд, ки ваъзи ҷуғрофии лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма» ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки маркази логистикии мазкур ҳамчун маркази логистикии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо» молу маҳсулот интиқол дода шавад.
Сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби трантизитии минтақа табдил додани Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Аммо бе мавҷудияти марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст. Аз ин рӯ, лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар мамлакат амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ карда мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






