Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад

Февраль 15, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи нави истеҳсоли равғани пахта бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдусаттор Қурбонов сохта шуда, иқтидори лоиҳавии иншоот дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва истеҳсоли 6 тонна равғанро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, тибқи лоиҳа корхона давоми сол беш аз 2 ҳазор тонна равған истеҳсол хоҳад кард.

Корҳои сохтмонии бинои асосии корхона ба анҷом расида, ҳоло дар қисматҳои дигари иншоот корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд.

Таҷҳизоти корхона аз Чин ворид гардида, хати истеҳсоли равған аз коргоҳҳои равғантозакунӣ, омода намудани зарфҳои пластикӣ ва бастубанд иборат мебошад. Маҳсулоти тайёр мутобиқи талаботи стандартӣ дар зарфҳои пластикии ҳаҷмашон 1, 2, 3 ва 5 литр бастубанд карда мешавад.

Бо ба истифода додани корхонаи нав зиёда аз 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.

Ҳоло дар ноҳия ду корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият мебарад, ки давоми соли 2025 зиёда аз 129 тонна равған истеҳсол намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 15, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад