Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар шаҳри Вена дар доираи ҷаласаи Кумитаи иқтисодӣ ва муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар брифинг аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Манучеҳр Ҷобир ба ҳозирин маълумоти муфассал оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, маълумот дод.
Дар идома намояндагони кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо даъват шуданд, ки дар кори конфронси мазкур фаъолона иштирок намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






