Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад

Февраль 22, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи нақша, соли 2026 дар мамлакат дар 39400 гектар картошка кишт мегардад, ки аз он 6355 гектарашро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад.

Тавре олимони  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иброз намуданд, барои кишти баҳорӣ тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд.

Ба тавсияи олимон, лӯндаҳои тухми картошкаро дар макони 12+15 дараҷа гармӣ, вале нури Офтоб намерасидагӣ ва намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад, гузошта дар 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд.

Тухмиро барои кишт ба навъҳои  пешпазак ва миёнапазаку солим ҷудо намудан зарур аст. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 сантимерт ва дар чуқурии 8-10 сантиметр бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тавсия дода мешавад.

Таъкид мегардад, ки технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода  ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта,  лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 сантиметр дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад.  Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад  ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба  болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва  пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд.  Ин  барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».

Тавсия дода мешавад, ки дар кишти баҳорӣ барои беҳсозии сифат, таъмини бармаҳал пухтан ва серҳосилӣ картошка бояд аз бехмева шинонда шавад. Агар тухми кишти баҳории бехмева хуб омода бошад, он имконияти 10-15 рӯз барвақт расиданро дорад. Тухмиҳои аз хориҷ овардашуда 20-25 рӯз пеш аз кишт дар хонаҳои махсус  нигоҳ дошта мешаванд. Тухмиҳоро аз рӯйи ҳаҷм ба хурду  калон ҷудо бояд намуд. Тухмиҳои вазнаш аз 100 грамм зиёдро ба ду ё се тақсим карда коштан мумкин аст.

Баъди аз замин сабзидани барги он коркарди маҷмуии растаниҳо оғоз меёбад. Инчунин баъди аз коркарди аввал давраи муғҷабандии ниҳолҳои картошка шуруъ мешавад. Агар картошка дар баҳор кишт карда шавад, даври нашъунамои он ба ҳавои салқин, намнокии хок, давраи ҳосилҷамъкуниаш ба тобистони гарм рост меояд. Аз ин рӯ, дар вақти ҳосилҷамъкунӣ аз картошкаи барвақтӣ бояд дар ҳар 5-6 рӯз як бор (ба миқдори дар 1 садяк 4-4,5 мукааб метр) об дод. Ба картошкаи дерӣ дар 8-10 рӯз як бор об мемонанд. Обмонӣ пеш аз 2-3 ҳафтаи ҳосилғундорӣ қатъ карда мешавад.

Бехмеваи картошка дар чуқурии 25-30 сантиметр ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, ҳангоми кофтан бо каланд бояд эҳтиёт шуд, ки  ҳосил захмин нашавад. Ҳангоми ҳосилғундорӣ замин агар нам бошад, картошка беталаф ғундошта мешавад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад