Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд

Февраль 26, 2026 09:02

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо диаспораҳо, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ҳавзаи федералии Приволжскийи Русия мулоқот намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, роҳбари намояндагии дипломатӣ дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидааст, маълумот дод.

Сафир вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор дода, аз роҳбарони ташкилоти ҷамъиятию фарҳангӣ даъват ба амал овард, ки бештар бо нишон додани симои аҳли зиё, ходимони илму фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ҳувияти миллиро дар расонаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.

Ҳамзамон роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ расман дар кишвари иқомат бояд фаъолияти меҳнатӣ намоянд, зеро вобаста ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба қонунгузории Русия мунтазам тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Роҳбарони диаспораҳо даъват карда шуданд, ки дар ҷараёни мутобиқшавии шаҳрвандон ба тағйиру иловаҳои қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат карда, ба шаҳрвандони тоҷик кумакҳои ҳуқуқӣ расонанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ омили муҳими таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯён масъалаҳои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърихи миллӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти корҳои тарғиботию маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафир таъкид намуд, ки Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва башарӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули шахсияти дорои ахлоқи ҳамида, масъулиятшинос ва созанда вазифаи муҳими давлат, ҷомеа ва оила арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки тавассути паёмҳо ва суханрониҳои ҳамасола ҷомеа ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин роҳнамоӣ карда мешавад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамчунин иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсил, омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббиро таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Уфа аз Маркази идоракунии минтақавӣ боздид намуд.

Бояд гуфт, ки ин марказ ба низоми ягонаи иттилоотии марбут ба фаъолияти минтақаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон пайваст буда, барои беҳтар кардани сифати идоракунӣ дар мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва назорати иҷрои қарорҳои банақшагирии стратегӣ шароит фароҳам меорад.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 26, 2026 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд