ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо натиҷагирӣ ва назардошти дастовардҳои дар соли 2025 муяссаргардида соли сипаригардидаро соли таърихӣ баҳогузорӣ намуданд. Воқеан ҳам, мо агар рӯйдодҳои соли 2025а рухдодаро пеши назар орем, дармеёбем, ки ин каломи Роҳбари давлат беҳикмат нест.
-Барои тақвияти ин нукта ёдоварӣ аз Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони фарҳангу ҳунари ин се кишвар бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, басанда аст. Зеро дар ин рӯзҳо масъалаи басе муҳиму доғ – баҳси сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сад сол идома дошта, гоҳо тезутунд гардида, ба муқовимати мусаллаҳона табдил меёфт ва қурбониҳо низ дошт, ба ҳалли ниҳоӣ расид. Ин рӯйдоди таърихӣ маҳз бо саъю талоши Роҳбари сулҳпарвари давлати мо, ки барои аз роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои доғу баҳсталаб таҷрибаи ғанӣ доранд ва дигаронро ба ин талқин менамоянд, муяссар гардид. Аз сӯйи дигар, дар гуфтушуниди се давлати Осиёи Марказӣ ҳеҷ миёнарав иштирок надошт ва ин далели он буд, ки бо баракати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми тарафайн ҳама масоили мубраму доғи минтақаро метавон бо роҳи гуфтушуниди мусолиҳатомез ва бе дахолати дигарҳо ҳал намуд. Илова бар ин, дар арафаи таҷлили ҷашни сирф миллии тоҷикон – Наврӯз ба вуқуъ пайвастани ин рухдоди таърихӣ собит намуд, ки мо – соҳибони ҳақиқии ин ҷашни бузург талабот ва аркони онро, ки якеаш аз қалбҳо зудудани кинаҳост, риоя менамоем.
Мушаххассозии бурду бохти ҳар соҳа аз роҳи корбуди қиёс ва таҳлилу баррасии дақиқ амалӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо ишора ба татбиқи ду барномаи миёнмуҳлати рушди мамлакат, ки марҳилаҳои фосилавии “Стратегияи миллии рушд то соли 2030”-ро дар бар мегиранд, иброз намуданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтию самаровар дар ин самт боис ба 3,4 баробар зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,6 фоиз афзоиш ёфтани иқтисоди миллии мо гардид. Ҳамчунин таъкид намуданд, ки татбиқи амалии марҳилаи ниҳоии “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” имкон фароҳам меорад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 10 фоиз кам карда шавад. Ин нишондод барои давлате, ки даргириҳои дохилии мудҳишро паси сар кардаву фаъолияти инфрасохтори давлатиро аз сифр ба роҳ мондааст, бешубҳа, дастоварди бузург ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлат ишора ба онро дар ин санади муҳим зарур донистанд, саҳми бахши хусусӣ дар пешбурди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат аст. Онро “ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар” баҳогузорӣ намуда, таъкид намуданд, ки “ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад”. Президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони баору номуси миллат, ки аз меҳри бузург ба сарзамини аҷдодӣ ва нангу номуси ватандӯстӣ дар сарсабзию ободонии ватани азизамон, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, таъсиси коргоҳҳои нав, муҳайё кардани ҷойи кор ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию камбизоатӣ саҳми назаррас гузоштаанд, сидқан изҳори сипос намуда, ҳамзамон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки “ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад”.
Саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад. Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба он ишора шуд, дар чанд соли охир мо дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла, иброз гардид, ки танҳо соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Ин рақами холӣ нест, балки дар пасманзари он мебояд рушди иқтисодӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат, таъсиси ҷойи нави кор, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳбуд ёфтани иқтисоди хонаводагии аҳолии мамлакат ба назари эътибор гирифта шавад. Роҳбари давлат барои боз ҳам тавсеа додани раванди саноатикунонии мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки “бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад. Ҳукумати мамлакат “Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030” ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад”.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мавзуи илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон мақоми меҳварӣ дошт. Ин бесабаб нест, зеро маҳз ин самтҳо барои ҳар миллат ҳувиятсоз ба шумор рафта, барои бақои абадӣ пайдо кардани давлату миллат замина муҳайё месозанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат ба соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, маҳз бо баракати чунин муносибати некбинона ва дурандешона дар се даҳсолаи охир ҳазорҳо иншооти марбут ба ин соҳаҳо бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳадаф танҳо ин аст, ки насли наврасу ҷавони худро соҳибмаълумоту донишманд ва дорои фарҳанги баланд ба воя расонем. Зеро танҳо афроди соҳиби донишу маърифат ва огоҳу дорои ҳувияти баланди миллӣ қодиранд, ки аз манофеи давлату миллат ҳимоя намоянд. Дар ин замони пуртазод, зидду нақиз ва бархурди тамаддунҳо танҳо миллате метавонад асолати худро нигоҳ дорад, ки иқтидори бузурги зеҳнию маърифатӣ дорад ва рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварашро ба роҳ монда, пояҳои давлатдориашро таҳким мебахшад ва истиқлоли худро ҳимоя менамояд.
Ба ибораи дигар, соҳиби дониш, касбу ҳунар намудани ҷавонон, ки ояндаи давлати мо дар дасти онҳост, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол аст, ки ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои олии таълимӣ квотаи президентӣ амал мекунад, ки тавассути он ҳазорҳо духтарон аз музофот ба таҳсил фаро гирифта шуда, соҳиби касбу кор гардидаанд ва имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ заҳмат кашида, дар ободии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Воқеан ҳам, ин тадбир ба дигар гардидани назари падару модар, хосса дар музофот барои идомаи таҳсилу касбомӯзии духтарон баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ боис гардид. Мо дар сафарҳои худ ба минтақаҳои кишвар шоҳиди он будем, ки дар марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ коллеҷҳо ва донишкадаҳои мухталифи дар замони соҳибистиқлолӣ таъсисёфта амал мекунанд ва ҷавонони маҳаллӣ ба донишомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Роҳбари давлат ҳамеша ҷавононро таъкид мекунанд, ки забонҳои хориҷиро азхуд намоянд, зеро имрӯз шароите ҳукмфармост, ки барои пешрафти ҳар давлат ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ амри зарурӣ гаштааст. Бе донистани забонҳои хориҷӣ ҳамкории барои тарафайн судманд, ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва тавсеаи равобит ғайримумкин аст. Ҳамаи ин дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таълим ва ҷалби ҳарчи бештари насли наврасу ҷавон ба омӯзишу азхудкунии донишҳо муяссар мегардад. Танҳо соҳиби ақли комилу хираду дониш метавонад аз роҳи давоми ҳазорсолаҳо тайкардаи миллаташ воқиф гардад ва бо омӯзиши таърих, таърихе, ки бо он метавон ифтихор варзид, дар худ ҳисси баланди миллию ватандӯстиро бедор намояд. Ҳикмати бо дастури Роҳбари давлат бо теъдоди 3 миллиону 200 ҳазор нусха ба нашр расидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва ба аҳолии мамлакат туҳфа гардиданашон дар ҳамин таҷассум меёбад.
Маҳз бо назардошти басе муҳим будани масъалаи рушди соҳаи маориф Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Пешвои миллат дар баробари таълим масъалаи тарбияи дурусти насли наврасро низ таъкид намуданд. Зеро таълиму тарбия ду масъалаи ба ҳамдигар тавъам ҳастанд. Маълум аст, ки зербинои ҳам тарбия ва ҳам таълим дар хонавода гузошта мешавад ва пеш аз ҳама, падару модар, баъдан муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сипас омӯзгорон ба ин масъалаи инсонсоз масъул ҳастанд. Агар тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, ҷалби кӯдак ба таълим низ осон муяссар намегардад. Аз ин хотир Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъалаи мазкур иброз доштанд, ки «бо истифода аз фурсат мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои марбут ба мақомоти андоз, соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, шуғли аҳолӣ, иҷтимоӣ, ҷавонон, занон, қонунгузорӣ, терроризму экстремизм, хурофот, ҷиноятҳои киберӣ, вазъи кунунии ҷаҳон ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти мубориза ба ҳама гуна омилҳое, ки ба давлатдорӣ ва сулҳу суботи давлати мо халал ворид месозанд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мо имсол бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне фарорасии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Итминони комил дорам, ки сокинони ҳушманд ва бонангу номуси мамлакат бо дар ниҳоди хеш парваридани андешаи садоқат ба Роҳбари давлат, муҳаббати бузург ба Ватани аҷдодӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ, мавриди корбурд қарор додани дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ садо доданд, дар сарсабзию ободонӣ ва пешрафти мамлакат саҳм мегузоранд ва ин ҷашни бузургро бо сарбаландӣ истиқбол менамоянд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






