Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 03.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанг якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Чунин дарҷ гардидааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026», ки 28 январи соли 2026 ба тавсиб расидааст.
Бояд гуфт, ки адабиёт дар рушду ташаккули ҷаҳонбиниву маънавиёти ҷомеа нақши бузург дорад. Адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт буда, донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи ӯст, ба вуҷуд меояд. Пешниҳод кардани асарҳои хубу хонданӣ ба кӯдакону наврасон ба ташаккули зеҳнии онҳо пояи асосӣ мегузорад ва муҳаббаташонро ба хондани китобу илмомӯзӣ бештар мегардонад.
Асарҳои бадеӣ мактаби тарбия ва василаи муассири рушди нутқи кӯдакон мебошанд. Тавассути онҳо кӯдак забонро меомӯзад, фикр мекунад, тасвир менамояд ва ниҳоят ба ифодаи дурусти фикру эҳсосоти худ қодир мегардад. Бисёре аз асарҳои бадеӣ дорои паёмҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Арзишҳои маънавӣ- ростгӯӣ, меҳрубонӣ, адолат ва кӯмак ба дигарон дар онҳо бо забони содда ва таъсирбахш баён мегарданд.
Кӯдак на танҳо нутқ, балки мафҳумҳои боарзишро, ки бо забони таъсирбахш ифода шудаанд, меомӯзад. Масалан, мефаҳмад, ки ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва ёрӣ додан ба дигарон амалҳои неканд ва ин амалҳо дар нутқи ӯ ҳамчуни ифодаҳои ибратбахш ҷой мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ китобҳои кӯдакона бо забони ноби тоҷикӣ бениҳоят хуб ва бо ороиши ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, дастраси хонандагони хурдсол гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар ин соҳа камбудиву норасоиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Ҳадафи таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди адабиёти бачагона дар мамлакат мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






