Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид

Февраль 22, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Орван»-и Теҳрон маҷмуаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоиро таҳти унвони «Каманди зулф» бо ҳуруфоти форсӣ аз чоп баровард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ.

«Каманди зулф» бо тавсияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба табъ расида, дар он шеърҳои эҷоднамудаи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, ки ҷаҳони зани муосири тоҷикро бозгӯйӣ менамоянд, гирд оварда шудаанд. Ашъори маҷмуа фарогири мавзуъҳое, ба мисли Ватан, зан, ишқу муҳаббат ва зебоӣ мебошанд.

Маҷмуаи «Каманди зулф» бо сухани муқаддимавии Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доктор Муҳаммад Ҳасан оғоз гардида, зимни он чунин гуфта шудааст: «Шеъри Зулфия Атоӣ- Шоири халқии Тоҷикистон садои занест, ки дилро дар оинаи ҷаҳон нигариста ва аз захмҳову шукуфаҳо ҷодуи тоза офаридааст. Вожагони ӯ чун парандае бар фарози солҳо пар мекушоянд; гоҳе насими ноз аст, гоҳе оташи фарёд ва ҳамеша ҳақиқатест, ки аз умқи ҷон бармеояд. Хондани ин дафтар қадам задан дар роҳравест, ки дар он ҳар байт чароғе рӯшан мекунад, ҳар шеър дасте бар шонаи инсон мениҳад ва ҳар калима занеро, ки дар ҷаҳон истодааст, бо қомати нур тасвир месозад».

Дар ин маҷмуа Зулфия Атоӣ бо забони равшан ва баёни самимӣ умедҳои мардумро дар қолаби шеърҳое саршор аз тасвир ва эҳсос бозтоб додааст. Ҳузури пурранги мафҳуми «зан» ҳамчун меҳвари ҳувият ва ишқ аз вижагиҳои барҷастаи ин китоб мебошад.

Доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ-муҳаққиқи тоҷик дар навиштаи таҳлилие дар ин китоб кӯшидааст тасвири ҷомеъ аз масири шеърии ин шоир ва ҷойгоҳи ӯро дар шеъри муосири тоҷик нишон диҳад.

Нашри «Каманди зулф» қадами тозае дар таҳкими пайвандҳои адабӣ ва фарҳангӣ байни мардумони ҳавзаи кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад.

Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда маросими рӯнамои маҷмуаи «Каманди зулф»-ро баргузор намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад