Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад

Февраль 9, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли равон Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад. Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, мақсад аз ташкили намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ, муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир, мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ва баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётӣ мебошад.

Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияҳои зерин: лоиҳаи беҳтарини истиқоматии бисёрошёна; биноҳо ва маҷмааҳои иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ (биноҳои таълимӣ, биноҳои табобатию истироҳатӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, паркҳои технологӣ) ва асари меъмории донишҷӯён (барои донишҷӯён ва коллективи эҷодӣ) гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 барои иштирок дар намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ 140 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои номбаршуда пешниҳод гардид. Ҳамзамон аз ҷониби лоиҳакашони варзида зиёда аз 453 лоиҳаи беҳтарин ва макети биною иншооти таъйиноти гуногун ба намоиш гузошта шуд. Аз байни 140 лоиҳаи ба озмун пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо «Диплом» ва туҳфаҳои хотиравию молӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад