Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Давлати Кувайт иштирок доранд

Февраль 9, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар Давлати Кувайт маросими ифтитоҳи расмии «16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳӣ вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол Ат-Табтабаӣ, дуайени корпуси дипломатӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, роҳбарон ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвар, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Давлати Кувайт, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ Вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол Ат-Табтабаӣ аз гӯшаҳои намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва корҳои ихтироъкоронаи олимон ва муҳаққиқони тоҷик аз наздик шинос шуд.

Намоишгоҳи мазкур, ки аз муҳимтарин рӯйдодҳои илмӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, бо ҳузури намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон доир гардида, дар доираи он ҳашт нафар олимон, профессорон ва ихтироъкорон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои илмӣ ва ихтирооташонро ба маърази тамошо гузоштанд.

Фаъолияти намоишгоҳ то 12 феврали соли 2026 идома ёфта, тибқи барномаи пешбинишуда дар фарҷом ба иштирокчиёни барҷаста ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо супорида мешаванд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Февраль 9, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид