Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4–5 феврал дар Давлати Кувайт ҷаласаи 5-уми Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ таҳти унвони «Рушди фарогир дар давраи зеҳни сунъӣ» ва Форуми 2-юми байналмилалии ҳамкории рақамӣ (International Digital Cooperation Forum – IDCF) баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар кори чорабиниҳои мазкур муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод иштирок намуд.
Ассамблеяи умумӣ муҳимтарин чорабинии солонаи Созмони ҳамкории рақамӣ арзёбӣ гардида, дар он вазирон, сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои инноватсионӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии беш аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниҳо баррасии авлавияти ҳамкории рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал оид ба рушди соҳаи рақамикунонӣ дониста мешавад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






