НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 4, 2026 13:40

ҲИСОР, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ҳисор ба 362,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 18,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ҳисор 120 ададро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои гуногун 8 корхона фаъолият накардааст. Соли 2025 инчунин ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 57 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки фазои сармоягузорӣ дар рушди соҳаи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ нақши аввалиндараҷа дошта, ба ин восита дар тараққӣ ва густариши соҳаҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад. Дар ин давра 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар шаҳри Ҳисор амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 5,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026» аз 2071 лоиҳа ва маблағи умумии 1 миллиарду 970 миллиону 417 ҳазор сомонӣ иборат буда, тибқи таҳлилҳои гузаронида, дар 1118 банд корҳо ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон 366 банд оғоз шуда, татбиқи 587 банд дар соли 2026 ба инобат гирифта шудааст. Ҷамъи умумии маблағи ҷалбгардида 1 миллиарду 344 миллиону 215 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ба 68,3 фоизи маблағи умумии барнома баробар аст.

Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 1383 иншоотро мавриди истифода қарор доданд, ки 76,5 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад. Маблағи дар ин самт азхудкардашуда 430 миллиону 901,9 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 746 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд