НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид

Февраль 14, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати 1 январи соли  равон   1469 иншоот ба маблағи 5,2 миллирад сомонӣ сохта,  ба  истифода  дода шуд, ки 108 фоизи иҷрои бандҳои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин хусус 13 феврал Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  хабар  дод.

Иброз гардид, ки соли 2025 дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 140 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 53 адади онро корхонаҳои саноатӣ ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра иншооти муҳими стратегӣ, аз қабили қисмати бузурги қитъаи 93-километраи шоҳроҳи Душанбе–Дарвоз–Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, қисмати шоҳроҳ бо купрӯки 82-метра ва долони зиддитармавии 550-метра дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингузари 200-метра дар шаҳри Хоруғ, Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз, ҳамчунин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз ҳамаи манбаҳо ба иқтисоди вилоят зиёда аз 4,2 миллирад сомонӣ ворид гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 3 миллиарду 18 миллион сомонӣ расид, ки нисбати соли 2024 516 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 14, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд