Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Февраль 15, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки пажӯҳишгарони дохилу хориҷи мамлакат таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи онҳо дар низоми таҳсилоти рақамӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия 7 маъруза, аз ҷумла дар мавзуъҳои  «Ҷанбаҳои психологии таҳсилоти рақамӣ» ва «Саҳми созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар беҳтар кардани сифати таълим» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуд.

Иброз гардид, ки дар баробари дастовардҳои технологии таҳсилоти рақамӣ масъалаҳои психологии донишҷӯён ва омӯзгорон, аз ҷумла ҳифзи саломатии равонӣ, ҳамоҳангсозии робитаҳои байнинаслӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар омӯзиш яке аз самтҳои муҳим ва саривақтии рушди таҳсилот дониста мешавад. Дар ин замина олимон бар ин назаранд, ки таҳсилоти рақамӣ бояд ҳамзамон барои рушди қобилияти эҳсосотӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ва эътимоди равонӣ шароит фароҳам орад.

Таҳсилоти низоми рақамӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои асосии таълим табдил ёфтааст, зеро имкон медиҳад, ки донишҷӯён дар ҳар гӯшаи кишвар ва ҳатто дар масофаҳои дур дарс гиранд. Ба китобхонаҳои электронӣ дастрасӣ пайдо намуда, бо муаллимон дар вақти воқеӣ муошират кунанд. Ин навъи таълим инчунин барои омӯзгорон имкони истифодаи усулҳои интерактивӣ, лексияҳои видеоӣ, санҷишҳои онлайн ва платформаҳои таълимии муосирро фароҳам меорад. Ҳамзамон таҳсилоти рақамӣ бояд дар баробари технология ба ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ, биниши танқидӣ ва масъулияти интернетӣ низ диққат диҳад, то на танҳо дониш, балки шахсият ва одоби рақамиро низ тарбия намояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Февраль 15, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад