ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ таъсис ёфтааст.
Дар озмун барои дарёфти ин ҷоиза довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок доранд. Барои иштирокчиёни озмун барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инчунин коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, афзалият дода мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз 13 феврал оғоз гардида, то 13 майи соли 2026 ҳамарӯза то соати 17:00 идома меёбад.
Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун тавассути суроғаи зерин дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3; — телефонҳо барои тамос (+992) 987757870 ва 988008064 email: daler-safaraliev@mail.ru // kjv@kjv.tj
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






