ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пайванд намудани ниҳол барои нигоҳ доштани хусусияти навъии растаниҳои бисёрсола, ҷавон намудани дарахте, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ аст ё ба ҳосил овардани меваи хушсифат аз ниҳоли пешина аҳамияти калон дорад. Инчунин пайванд намудан барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он ва тезонидани гулу меваи ниҳол мусоид мебошад. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи кишоварзӣ.
Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзоиши дарахтон мебошад. Пайванд намудани дарахтон дар ҳар минтақаи Тоҷикистон асосан вобаста ба шароити обу ҳаво гузаронида мешавад. Онро дар дарахтони ҷангалзор, току боғдорӣ, растанипарварӣ ва парвариши ниҳолу растаниҳои ороишӣ истифода мебаранд.
Ба таъкиди олимон, дар дунё зиёда аз 200 усули пайванд маълум буда, дар амал фақат 10—15 навъи онро ба кор мебаранд; ин навъҳо ба ду гурӯҳи асосӣ — муғҷапайванд ва қаламчапайванд тақсим карда мешаванд.
Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acocaн барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе рустаниҳои ороишӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми муғҷапайванд навда кам сарф шуда, назар ба навъҳои дигари пайванд сермаҳсул ва кораш осонтар аст. Одатан барои муғҷапайванд ниҳоли дусола ва баъзан навъи тезсабзи ниҳоли яксола (ғафсиаш 6—10 миллиметр)-ро интихоб мекунанд. Муғчаҳои калонро ба навдаи ғафс ва хурдашро ба навдаи борик пайваст мекунанд. 5—7 рӯз пеш аз муғҷапайванд навдаҳои паҳлуии қисми поёни танаи пайвандтакро то гарданаи реша аз шохаҳои паҳлуӣ тоза карда, ба атрофаш хок мекашанд ва барои ковок шудани пӯсти танааш об мемонанд. Сипас, ҳангоми муғҷапайванд хоки атрофи пайвандтакро ҳамвор карда, танаашро бо латта пок мекунанд.
Қаламчапайванд ва навдапайвандро одатан дар моҳи март мегузаронанд. Қаламчапайванд асосан дар боғдорӣ бо мақсади рӯёнидани навъҳои беҳтари буттаву дарахти мевадор гузаронида мешавад. Усулҳои маъмули қаламчапайванд исканапайванд, фонапайванд, қундоқипайванд, найчапайванд, купрукпайванд ва ғайра мебошанд.
Имрӯз дар байни боғпарварони мо исканапайванд низ маъмул мебошад. Ин навъи пайванд дар вақти такроран пайванд кардани дарахтони мевадор ба кор бурда мешавад. Зеро решаи он пурқувват буда, аз он ниҳоли нав месабзонанд. Ин гуна дарахт дар оянда ба тағйирёбии иқлим мутобиқ мебошад.
Дар байни боғпарварон навъҳои гуногуни пайванд гузаронида мешавад. Сабаби асосии пайванди дарахтон чунин аст- ба дарахте, ки ба ин минтақа мувофиқ аст, аммо ҳосили хуб намедиҳад, навдаҳои дарахти ҳосили хуб доштаро пайванд менамоянд, то дар оянда меваи хуб ва босифат ҷамъоварӣ гардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






