Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд

Февраль 1, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст. Хароҷоти неруи барқ барои барориши 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна  0,264 кВт/соатро ташкил медиҳад. Аммо аз ҷониби истифодабарандагони об маблағи неруи барқ пурра пардохт карда намешавад. Дар ин хусус 29 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иттилоъ дод.

Дар мавсими обдиҳии соли 2025 бо истифодаи 7,3 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз  то 275 дастгоҳи обкашӣ ва  74  чоҳи амудӣ  фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин намуданд.

Соли 2025 идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 60 025 нафар истифодабарандагони об  дар 514 925  гектар ё баробари 98 фоизи  нақша шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расониданд.

Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадории шартномавиро дар бобати бо оби полезӣ таъмин  намудани истифодабарандагони об пурра иҷро карда бошанд ҳам, истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро пурра ва сари вақт пардохт накарданд.

Арзиши барқи истифодашуда 132 миллиону 836 ҳазор сомонӣ ва  пардохти он 46 миллиону 259  ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли 2024    10 миллион 121 ҳазор сомонӣ  зиёдтар мебошад.

Қарзи идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 аз истифодаи неруи барқ дар назди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» 272 миллиону 313 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 242  ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки 500,2 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи ҷумҳуриро бо об таъмин менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид