Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад

Февраль 3, 2026 18:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Анҷоми татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1, ки 2 июни соли 2017 оғоз гардида буд, пас аз тамдид 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки давраи марҳилаи 1-уми лоиҳа бо назардошти тағйиру иловаҳои ба лоиҳа воридшуда таҷдиди 4 гидроагрегат ва таҷҳизоти асосии неругоҳ, таҳвил ва насби 6 автотрансформатори якфазаи 500/220/10 кВ ва татбиқи корҳо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад.

Корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Норак» дар айни замон идома дошта, гидроагрегати №1 24 октябри соли 2022 ва гидроагрегати №4 30 августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд ба таври расмӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин корҳои таҷдиду барқарорсозии гидроагрегати №7 17 октябри соли 2025 пурра ба анҷом расида, пас аз гузаронидани санҷишҳои зарурӣ 15 ноябри соли 2025 ба шабака пайваст карда шуд.

Ҳоло гидроагрегатҳои таҷдидгардида (№1, №4 ва№7) бо иқтидори истеҳсолии 375 МВт неруи барқ истеҳсол намуда истодаанд.

Бо назардошти реҷаи кории низоми энергетикӣ гидроагрегати №2 (гидроагрегати чоруми таҷдидшаванда) 22 октябри соли 2025 барои иҷрои корҳои барқарорсозӣ ба пудратчӣ супорида шуд. Дар айни замон корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар ин гидроагрегат идома дошта, тибқи нақша моҳи октябри соли 2026 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иброз гардид, ки иҷрои корҳо дар доираи дигар қисматҳои лоиҳа, аз ҷумла қисмати Р2.1 «Бехатарии садд-мониторинг», қисмати Р3 «Бехатарии садд-таҷҳизоти гидромеханикӣ», қисмати P4 «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимотии кушода-автотрансформаторҳо» ва қисмати Р5 «Ташхис ва барқарорсозии обдароҳои турбинавӣ» тибқи нақша идома дорад.

Дар доираи ин лоиҳа азхудкунии маблағҳо соли 2025 дар ҳаҷми 35,63 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин давра 35,6 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шуд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз аввали татбиқи лоиҳа то имрӯз дар маҷмуъ 235,57 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки 71,8 фоизи маблағи умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2026 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд