Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи саноат дар меҳвари мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Аттабак, ки 17 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариш ва рушди ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ, инчунин тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар таҷдиди саноати кимиё, содироти пахта ва истифодаи бозори Эрон таъкид кард. Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон омодагии кишварашро барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорат изҳор дошта, имконоти Эронро дар соҳаи истихроҷи маъдан, коркарди маъданҳо, дорусозӣ ва нассоҷӣ иброз дошт.
Вазирони саноати Тоҷикистон ва Эрон зарурати суръат бахшидани татбиқи созишномаҳои бадастомада ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриро барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои мушаххас дар самти ҳамкории саноатӣ байни ду давлат таъкид намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






