Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид

Февраль 4, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Созишнома имрӯз дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии Фонди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ ба имзо расонида шуд.

Маблағи созишнома 100 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и лоиҳаи стратегии мамлакат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид