Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир

Февраль 19, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир» ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода иброз  намуд, ки эълони Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) марҳилаи муҳими татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими пояҳои маънавию идеологии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ-маърифатӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба татбиқи ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба самти меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсӣ метавонанд ҷомеаро аз таъсири андешаҳои ифротӣ, таблиғоти ғаразнок, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар таҳдидҳои идеологию фарҳангии замони муосир эмин нигоҳ доранд.

Дар идома дар мавзуи «Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир» маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод гардид. Зиракии сиёсӣ чун унсури муҳими ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ арзёбӣ гардида, иброз шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо ва густариши фазои иттилоотӣ ҳар шаҳрванди огоҳ бояд қобилияти таҳлили воқеаҳо, фарқгузорӣ байни ахбори саҳеҳ ва бардурӯғ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дошта бошад. Худшиносии миллӣ пояи устувори ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад.

Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза муттаҳид гардидани ҷомеа дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба марзу буми Ватан, гиромидошти арзишҳои миллию соҳибдавлатӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои касбӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир мебошанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 19, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад