Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд

Март 12, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо 14 қатънома қабул гардидааст, ки дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли масоили марбут ба обу иқлим, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар раванди тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар сайёра нақши муассир мегузоранд. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар Конфронси миллии илмӣ-амалии «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» итттилоъ медиҳад, дар конфронс муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гуфт, ки бо назардошти аҳамияти хоси пиряхҳо барои рушди устувор бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Қатънома соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд. Барои тақвияти пайвастаи талошҳо дар ин самт давраи солҳои 2025-2034 низ «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» эълон шуд. Ин санадҳо нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун унсури муҳими низоми иқлими ҷаҳонӣ эътироф намуда, зарурати муттаҳид кардани талошҳои илмӣ, институтсионалӣ ва амалиро, ки ба омӯзиши ҳамаҷониба, мониторинги системавӣ ва ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд, таъкид мекунанд.

Гуфта шуд, ки бо такя ба ин ташаббусҳои байналмилалӣ моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Конфронс ба рушди таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти системаҳои мониторинги пиряхҳо, баррасии ҳамаҷонибаи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо ва муҳокимаи чораҳо оид ба афзоиши устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва такмили стратегияҳои мутобиқшавӣ мусоидат намуд. Конфронс ба баланд бардоштани огоҳии ҷонибҳои манфиатдор ва сафарбаркунии захираҳо, мутобиқ кардани рӯзномаҳои ба ҳам алоқаманд оид ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, мубориза бо биёбоншавӣ ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор ва суръат бахшидан ба амалҳои мақсаднок равона карда шуд.

Конфронси миллии илмӣ-амалӣ «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ», ки ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бахшида шудааст, майдони муколамаи байниидоравӣ ва илмӣ арзёбӣ мегардад. Он бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ ва олимону мутахассисони соҳаи обу иқлим, яхшиносӣ ва экологҳо иштирок намуданд.

Конфронси мазкур барои муаррифӣ ва тасдиқи маълумоти ҷорӣ дар бораи вазъи захираҳои обӣ, муттаҳид кардани мавқеи муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва таҳияи афзалият бо тавсияҳои амалии мувофиқашуда барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мониторинги криосфера ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим равона шудааст.

Таъкид гардид, ки ҳадафи конфронси миллӣ таъмини ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи системавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин муайян намудани афзалияти ҳамоҳангшудаи татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера мебошад.

Дар конфронси миллӣ масъалаҳои марбут ба арзёбии илмӣ-коршиносии маълумоти муосир оид ба ҳолати пиряхҳо, динамикаи пиряхбандӣ ва тағйироти вобаста ба захираҳои об дар қаламрави Тоҷикистон, муайян ва мувофиқа намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми миллии мониторинги криосфера, аз ҷумла истифодаи усулҳои муосири мушоҳида, коркарди маълумот ва мубодилаи иттилоот байни идораҳо баррасӣ гардиданд. Инчунин паёмадҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологӣ аз коҳиши пиряхҳо ва таҳияи роҳҳои амалии баланд бардоштани устувории бахшҳое, ки ба захираҳои оби кӯҳӣ вобастаанд, муҳокима шуданд. Гуфта шуд, ки дар ин самт бояд ҳамкории байниидоравӣ ва байналмилалӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи криосфера ва механизмҳои амалкунандаи ҳамкории иқлимӣ тақвият дода шавад. Ҳамзамон масълаи марбут ба омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии об дар соли 2026, ки моҳи май баргузор мегардад, баррасӣ карда шуд.

Конфронси миллӣ корашро дар ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, сессияҳои техникӣ ва сиёсӣ-амалӣ, инчунин муҳокимаҳои панелӣ идома дода, дар онҳо самтҳои асосӣ, аз ҷумла уҳдадориҳои глобалӣ ба амалҳои миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ, шарикӣ ва маблағгузорӣ, маълумоти илмӣ, мониторинг ва хизматрасониҳои иқлимӣ, ҳамгироии илм ба сиёсати об ва иқлим матраҳ гардиданд.

Иштирокдорони конфронси миллӣ доир ба мавзуъҳои «Натиҷаҳои асосии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, Душанбе, 2025», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми «Пиряхҳо – захираҳои об – қабули қарорҳо», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми «Пиряхҳо – захираҳои об – қабули қарорҳо», «Мониторинги дарозмуддати пиряхҳо ва пешгӯиҳои гидрологӣ», «Мониторинг ва арзёбии кӯлҳои пиряхӣ ва хатарҳои вобаста ба онҳо дар Тоҷикистон», «Натиҷаҳои моделҳои муосири иқлим барои пешгӯии тағйирот дар Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.

Таъкид гардид, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҷузъи муҳими стратегии захираҳои табиии кишвар буда, қисми назарраси ҷараёни дарёҳоро таъмин намуда, тавозуни обро нигоҳ медоранд ва экосистемаҳои кӯҳиро устувор мегардонанд. Инчунин 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз пиряҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Бо таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо босуръат кам гардида, хатарҳои иловагиро барои амнияти об эҷод мекунанд ва ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, иштирокдорони конфронси миллӣ дар ин самт тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро дар ҳифзи пиряхҳо ва пешгирӣ аз обшавии онҳо ба миён гузошта, таклифҳои самарабахши илмӣ пешниҳод намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд