Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Март 18, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ–назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар конференсия ба ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои глобалии обу иқлим, аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз, нақши он дар эҳёи табиат ва таҳкими арзишҳои миллӣ, таърихи ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни бостонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар мавзуъҳои «Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат» ва «Масъалаҳои экологӣ ва ҳолати имрӯзаи пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон» кормандони марказ маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Иштирокдорон ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд. Иброз гардид, ки ин иқдом мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшида, барои ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра, аз ҷумла таъмини амнияти обӣ ва ҳифзи муҳити зист заминаи устувор фароҳам меоранд.

Дар чорабинӣ тибқи анъанаҳои неки наврӯзӣ байни ходимони илмӣ ва унвонҷӯён маҳфили байтбарак баргузор гардид.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 18, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсия баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд