Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки донишҷӯёну кормандон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар ҷараёни озмун донишҷӯён порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро бо маҳорати баланд қироат намуда, донишу маҳорати худро нишон доданд. Иштирокчиён кӯшиш намуданд, ки мазмуну муҳтавои асарро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳунари суханварӣ баён намоянд. Озмун идома дошта, дар фарҷом аз ҷониби доварон ғолибони даври муассисавӣ ба даври навбатии озмун роҳхат мегиранд.
Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишо Карамалишоев оид ба аҳамияти баргузории озмун иброз дошт, ки озмун ба ҳифз ва тарғиби мероси адабии ниёгон, аз ҷумла асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» равона шудааст. «Шоҳнома» ҳамчун яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Бо ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат чунин озмунҳо ба рушду густариши маърифати китобхонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мусоидат менамоянд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд






