Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад

Март 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.13.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.

Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони «Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад» доир шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст