Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона оғоз гардид.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр нақши калидӣ мебозад.
Кишоварзон дар кишти пунбадона тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир ба роҳ монда монданд. Инчунин тухмиҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода карда мешаванд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад






