Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд

Март 24, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 март гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор мавзеъҳои таърихӣ ва марказҳои муҳими фарҳангии кишвар боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон аз Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе дидан намуда, дар бораи таърихи бунёд ва аҳамияти ин маҷмаа дар давлатдории миллӣ маълумот гирифтанд.

Сипас ҳайат ба Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо намунаҳои нодири фарҳангӣ, осори таърихии давраҳои гуногун ва рушду ташаккули пойтахт шинос шуд.

Дар идома хабарнигорони қирғиз аз яке аз беҳтарин намунаҳои санъати меъморӣ ва ҳунари миллати тоҷик — Кохи Наврӯз боздид намуда, зебоиҳои меъморӣ, нақшу нигор ва толорҳои бошукуҳи онро баланд арзёбӣ карданд.

Сафари меҳмонон бо боздид аз Қалъаи Ҳисор, ки яке аз қадимтарин ёдгориҳои таърихии минтақа ба ҳисоб меравад, идома ёфт. Онҳо дар бораи таърихи маркази қадимии давлатдорӣ, нақши Қалъа дар тамаддуни минтақа ва ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон маълумоти муфассал гирифтанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон дар баробари тамошои Қалъаи Ҳисор ҳамчунин дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор иштирок намуда, бо расму анъанаҳои ҷашни Наврӯз, барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳр шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон то 27 март идома меёбад. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.

Боздиди хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон сафари ҷавобӣ буда, онҳо дар ин муддат дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ҳамин монанд гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Қирғизистон сафар намуда буд.

Бояд гуфт, ки чунин сафарҳои иттилоотӣ ба тавсеаи ҳамкории иттилоотӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид