Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар шаҳри Лондон мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд/Роҳбари Гурӯҳи идоракунии хавфҳои ин бонк хонум Фатумата Буаре баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми азхудкунии маблағҳо ва назорати хавфҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангӣ бо мақомоти татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва тақвияти омодагӣ ба таъсири хавфҳои беруна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз мулоқоти Юсуф Маҷидӣ бо Директори идоракунандаи Гурӯҳи рушди инфрасохтори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Гарри Бойд-Карпентер доир гардид, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, коҳиши талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои ҳушманд, таҳкими устувории молиявии бахши энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳтарсозии ҳамгироии шабакаҳои барқ муҳокима гардид.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аҳамияти ҷалби бештари маблағгузории грантӣ ва омехтаи имтиёзнок барои рушди инфрасохтор, аз ҷумла энергетика, об, хизматрасонии коммуналӣ ва зерсохторҳои ба иқлим мутобиқро баён намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад






