Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, чор рӯз идома ёфта, дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд. Дар ин хусус намояндаи масъули Котиботи конфронс оид ба ташкили форумҳо Рустам Абдуллоев дар брифинги матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар брифинги матбуотӣ гуфта шуд, ки дар рӯзи якуми конфронс баргузории вохӯрии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз ҷониби ЭСКАТО гузаронида мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Форумҳо ва чорабиниҳои иловагӣ низ дар ҳамон рӯз баргузор мешаванд, ки платформаро барои муколама байни гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор ва муҳокимаи ҷанбаҳои гуногуни рӯзномаи об фароҳам меоранд. Рӯзи дуюм маросими ифтитоҳи конфронс ва ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони сатҳи баланд суханронӣ мекунанд ва уҳдадориҳои нав эълон карда мешаванд. Баъдан бахши аввали конфронс - «Таъмини пайвастагӣ байни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026» баргузор мешавад. Ин бахш шаш ҷаласаи мавзуӣ, мавзуъҳои муколамаҳои интерактивӣ дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро дар бар мегирад. Ин рӯз бо зиёфати расмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба анҷом мерасад», — гуфт манбаъ.
Ҷаласаи дуюм «Машваратҳои ғайрирасмӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028» буда, аз ду ҷаласаи махсуси панелӣ иборат хоҳад буд. Он ба баррасии Даҳсолаи об ва муайян кардани дастовардҳо ва камбудиҳои асосӣ нигаронида шудааст. Ҷаласаи дуюми махсуси панелӣ дар ин бахш ба муҳокимаи мавзуъҳо ва равишҳои имконпазир барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Душанбе баргузор мешавад, равона мегардад. «Дар ин рӯз бахше бо номи «Муҳокимаҳои пешакӣ дар мавзуи «Об дар рӯзномаи баъди соли 2030» низ ба нақша гирифта шудааст. Рӯз бо ҷаласаи ниҳоӣ ва нишасти матбуотӣ ба анҷом мерасад. Дар рӯзи чоруми конфронс иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздид намуда, бо таҷрибаи идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон, мавзеъҳои зебоманзари мамлакат ва фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон шинос мегарданд»,- афзуд Рустам Абдуллоев.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд






