Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ иброз дошт, ки бонк мақсад дорад барои татбиқи Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026–2030 тақрибан 1,1 миллиард доллари ИМА ҷалб намояд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Президенти Бонки Осиёии Рушд, сафари нахустини ӯ ба Тоҷикистон дар рушди ҳамкории дуҷониба марҳилаи муҳим арзёбӣ мегардад.
Ӯ таъкид намуд, ки мулоқот бо Президенти Тоҷикистон дар фазои созанда ва самаранок баргузор гардида, зимни он самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи шарикӣ баррасӣ шуданд.
«Таваҷҷуҳи махсус ба Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026–2030, ки ҳафтаи гузашта тасдиқ гардид, зоҳир карда шуд. Бо мақсади мусоидат ба татбиқи он Бонки Осиёии Рушд нақша дорад тақрибан 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба дастгирии бахшҳои калидии иқтисодиёти мамлакат равона намояд», — иттилоъ дод Масато Канда.
Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд нақша дорад ба таъмини рушди устувор, гуногунсозӣ ва фарогирии иқтисодӣ, ки ба таъсиси ҷойи кори босифат равона шудааст, мусоидат намояд. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори устувору самаранок, такмили низоми идоракунии иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, инчунин беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд.
Президенти Бонки Осиёии Рушд пойбандии устувори Ҳукумати Тоҷикистонро ба рушди бахши хусусӣ баланд арзёбӣ намуд. Мутобиқи Стратегияи нави шарикӣ, Бонк минбаъд низ ташаккули муҳити фаъоли соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва таъсиси ҷойи нави корро ба манфиати рушди устувор ва некуаҳволии аҳолӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ байни Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон аз соли 1998 идома дошта, доираи васеи самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро фаро мегирад. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии ҳамаҷониба аз ҷониби Бонк такя намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






