МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 март, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир мегарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор карда мешаванд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.
АКС: Dushanbe-travel








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд






