Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд

Март 20, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро баррасӣ карда, дар бораи тавсеаи ҳамкории минбаъда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва обу пиряхҳо мубодилаи назар намуданд.

Намояндаи доимӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории созанда бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст дар пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми беназир гузорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид