Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд

Март 28, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии мамлакат чор пойгоҳи  бостоншиносӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пойгоҳҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Ҳисору Истаравшан ва ноҳияҳои Данғараю Қубодиён ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ду пойгоҳи бостоншиносӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ду пойгоҳ аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст сохта шуда, ба омӯзиши таърихи куҳан, ҳифзи мероси моддӣ, тамаддун ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик,  ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ равона гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, ин раванд ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки лоиҳаи “Қонун дар бораи бостоншиносӣ” таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.

Мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат ва нуфузи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар пойдории забони миллат, давлат ва ҳувияти миллӣ пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд