Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад

Март 3, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 20 лоиҳа бо ҳаҷми умумии 914,7 миллион доллар бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад, ки 19,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Ин нукта 3 март дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда дар Душанбе иброз гардид.

Гуфта шуд, ки ин лоиҳаҳо бахшҳои гуногун, аз қабили нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, таъминоти об, тандурустӣ, маориф, рақамикунонӣ, сайёҳӣ, бахши молиявӣ ва ғайраро фаро мегиранд. Аз оғози фаъолияти Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон бонк тақрибан 200 лоиҳаро ба маблағи 2,9 миллиард доллар муваффақона амалӣ кардааст, ки беш аз 2,4 миллиард доллари он ҳамчун грант мебошад. Ин саҳм ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакати мо таъсири назаррас расонида, шарикии моро тақвият медиҳад.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна ва сатҳи баланди номуайянӣ бо шарофати ислоҳоти пайваста иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба рушди устувор ноил гардида, сатҳи таваррум дар ҷамъбасти сол ба 3,5 фоиз баробар шуд,ки бозгӯи сатҳи баланди суботи макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.


Ҳоким Холиқзода изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд дар кишвари мо дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахши нақлиёт, навсозии роҳҳо, марказҳои нақлиёт, логистика ва баланд бардоштани самаранокии онҳо фаъолона иштирок менамояд.

Ба таъкиди мусоҳибон Бонки Осиёии Рушд инчунин лоиҳаи «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон»-ро роҳбарӣ менамояд (ҳаҷми умумии маблағгузории он 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад ва дар нуҳ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ амалӣ карда мешавад) ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати озмоишӣ ба ин тарҳ ворид намудааст. Бонк ҳамчунин лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Гулистон-Кӯлобро (якҷоя бо Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё, ки арзиши умумии он тақрибан 80 миллион доллар ва 60 фоизаш саҳми Бонки Осиёии Рушд аст), дастгирӣ мекунад.

Дар анҷоми вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода ва Масато Канда ба татбиқи Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон, ки солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад, расман оғоз бахшида, аз татбиқи муваффақонаи Стратегияи шарикии мамлакат барои солҳои 2021-2025 ва аҳамияти қабули Стратегияи нав барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд. Стратегияи нав афзалияти асосии Тоҷикистонро барои ноил шудан ба рушди устувор бо таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар бар мегирад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад