«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35 шарики боэътимоди сол» баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон метавонанд дар он иштирок намоянд.
Мақсади баргузории озмун, ин муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат намудан дар рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳои худ тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарин ва боэътимод ва баланд бардоштани нуфуз ва эътиборнокии соҳибкорони ватанӣ байни доираҳои соҳибкорони мамлакатҳои хориҷи кишвар мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тибқи талаботи Кумитаи тадорукоти озмун то 20 июли соли 2026 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии ozmuncci.tj@gmail.com пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар арафаи таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






