Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд 8 апрел зимни мулоқоти президенти академия Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони донишгоҳ ва мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҷонибҳо масъалаи бастани созишнома байни академия ва донишгоҳ, табодули таҷриба байни олимон, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иброз гардид, ки ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳарду ҷониб хизмат намоянд.
Инчунин ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Ҳамсуҳбатон оид ба баргузор намудани конфронсҳо ва машваратҳои муштараки илмӣ дар оянда ба мувофиқа расиданд. Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкории илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






