Бахшида ба Рӯзи илм дар Бадахшон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинӣ аз чониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров, Институти биологии Помири ба номи академик Худоёр Юсуфбекови академия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд.
Директори Институти илмҳои гуманитарӣ Ҳоким Қаландариён иброз намуд, ки Рӯзи илм бо як рӯз ҷамъбаст намешавад, балки он барои ниҳодҳои илмӣ оғози ҷашне аст, ки 365 рӯзи гузаштаро баррасӣ менамояд ва барои 365 рӯзи оянда барномарезӣ мекунад. Ҳамоҳангсозии таҳқиқоти назариявӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ташаккули тафаккури миллӣ муҳим мебошад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо истинод ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши дастгирии ташаббусҳои илмӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва татбиқи барномаҳои давлатиро дар минтақаҳои кӯҳӣ махсус иброз намуд.
Олимони ҷумҳурӣ дар мавзуъҳои «Нақд ва адабиётшиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», «Таҳқиқи таърихи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ», «Асосҳои генографии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» ва ғайра маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд. Маърузаҳо бо фарогирии ҷанбаҳои мухталифи илм- аз иқтисоду биология то таъриху адабиётшиносӣ нишон доданд, ки иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ захираи бузурги стратегӣ барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар чорабинӣ нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарбияи маънавии насли наврас баланд арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки китобхонӣ на танҳо раванди касби дониш, балки воситаи асосии ташаккули тафаккури интиқодӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад.
Иброз гардид, ки ҳамоиш дар рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҳифзи мероси маънавию фарҳангии миллӣ нақши муассир мегузорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсия баргузор шуд
Ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






