Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, конференсия ба гиромидошти нақши илму маърифат дар рушди устувори ҷомеа ва таҳкими иқтидори зеҳнии мамлакат равона гардида, саҳми олимони ватаниро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм бозгӯйӣ намуд.
Директори Институти биологии Помир Абдулназар Абдулназарзода дар мавзуи «Асосҳои географии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» сухан намуда, масъалаҳои марбут ба ташаккули тамаддун ва нақши муҳити ҷуғрофиро дар рушди таърихии миллат мавриди таҳлил қарор дод.
Иброз гардид, ки рушди илм омили калидии пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Иштирокдорони конференсия оид ба пешрафту навовариҳои илмӣ дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, саҳми олимони тоҷик дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии марбут ба беҳтарсозии навъҳои зироат ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амалия метавонад ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат намояд.
Дар ҷамъбасти конференсия як зумра кормандони институт барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи фахрии институт ва Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид






